ВОБАСТА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН

Зан-модар ибтидои ҳасти башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро ба шири сафеду ҷонбахшаш ва ба муҳабате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсуи зиндагӣ дуои нек медиҳад. Бинобар ин арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидани ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву  имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар якфарди бонангу номус ба шумор меравад. Зеро инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву мувафақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падаро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн дилсузиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошанд.

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои аҷиб модаро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд. Бузургони олам аз қадим то имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду само мехонанд. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.

 

Модар, Модар қадри ту дунё бошад,

Сад меҳру вафо дар дили ту ҷо бошад.

Ҳар кас, ки ба қадри шири покат нарасад,

Савганд ба худо хори ду дунё бошад.