ВАТАН ТУ МОЯИ ИФТИХОР, ШАЪНУ ШАРАФ, НАНГУ НОМУС ВА ОБУРӮЮ ЭЪТИБОРИ МО ҲАСТ

Ватан маконест, ки мо дар он ҷой чашм ба дунё кушодаем. Он сарзаминест, ки мо нахуст қадамҳои худро дар рӯйи он он гузоштаем, аз оби чашмасоронаш нӯшидаем, аз ҳавои софу муаттараш нафас кашидаем. Аз ин рӯ туро чун модари азиз дӯст медорем.

Ватан сарнавишту қисмати ҳар инсон аст. Агар модар моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Муҳаббат ба Ватан аз давраи кӯдаки зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯсти ин худ садоқат ба Ватан, шаъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

Аз соҳибистиқлолии кишвар 33-сол гузашт. Ҳар чанд дар ин муддат мушкилоту монеаҳо вуҷуд доштанд, Тоҷикистон роҳи пуршараферо тай намуд.

Мардум бо сарвари фарзандаи фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёдкориву созандагӣ камар баст.

Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мағз андар мағзи ҷон ҷой гирифтааст: “Мо як давлат, як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст”.

Мардуми диёри мо меҳнатқарину меҳнатдӯст ва меҳмоннавозу бофарҳанг аст.

Ман ҳамчун як фарди ин кишвар озод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бо назари нек менигарам. Ватани мо замини зархезу кӯҳҳои осмонбӯс буда, мардуми оқилу саховатманд дорад. Зеро зодагони ин кишвар ворисони ҳақиқии Исмоили Сомониву Темурмалик, Деваштичу Восеъ, Шераку Муқаннаъ, Рӯдакиву АйниМирзо Турсунзода Мебошанд. Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки ваҳдти халқҳоро мустаҳкам намудан ва кишварро бо меҳнати софдилона обод кардан аст. Шукуфои Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мовобаста аст. Мо ҷавонон барои гулгулшукуфои Ватани азизамон буда ҳамеша омода бошем.

 

 

Пристави судии

суди ноҳияи Нуробод:         Шарифзода Шуҳратулло Мирзовали