ВАҲДАТ ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИР.

27 сол муқаддам дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аз азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоде ба вуқуъ пайваст, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихи ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне хиради азалии халқи тоҷик тантана кард ва созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоият миллӣ ба имзо расид.

Тули 27 сол аст, ки дар қалбҳои мардуми тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишону ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди азизу гироми ва чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеъиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.»

Ба шарофати ҳамин Ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани Ватани азизамон -Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намудем.

Заминаи мусоиди Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии худи мардуми худогоҳу ватанпарвар ва талошҳои сардори давлат ва родмардони Ватан буд. Сардори давлат борҳо таъкид намудаанд, ки «Мо аз ҳамон рӯзҳои аввали Иҷлосияи 26-ум пуштибони халқи азизамонро аз роҳи интихобкардаамон, ки таъмини сулҳу суббот ва муттаҳидии миллат, ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон буд, эҳсос намудем. Ҳамин Ваҳдати миллӣ ва талошҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ва ҷонбозиҳои Родмардони Ватан дар роҳи истиқрори сулҳ буд, ки мардум ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи Ватан дилпурона ва бо эътимоди қавӣ нигоҳ намудан ва ояндаи кишвари худро дурахшону шукуфон дидаанд. Бо ифтихор ва масъулияти ватандорӣ бояд, ҳар як тоҷики ватандору ватанпараст дарки эҳсос намояд, ки сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни мамлакатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Ба ин маъни Сардори давлат чунин таъкид намудааст: «Имрӯз башарият илова бар ин, ки таҷрибаи сулҳи моро мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор додааст, инчунин дигар иқдомоти башардӯстонаи давлати тоҷиконро низ ба ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон бо гармӣ истиқбол ва пӯштибонӣ мекунад.»

Хиради азалии родмардони Ватан ҳама гуна эҳсосоти сиёсиву ғаразҳои гуруҳиро як сӯ гузошта, танҳо бо дарназардошти манфиатҳои умуми миллӣ истиқрори сулҳро ба миён овард. Ин сулҳ, ки Ваҳдати миллиро ба миён овард, омили бунёди ормонҳои ҳазорсолаи миллии халқи тоҷик буд. Зеро шиори зиндагии миллати сулҳдусту фарҳангпарвари мо аз азал ҳамеша дӯстиву рафоқат ва самимияту садоқат мебошад.

Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хиради азалии мардуми мост. Имрӯз таҷрибаи сулҷу сулҳофарии тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ чун як падидаи нодири илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Таърих ва ҷомеаи ҷаҳони бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳан, бонангу номус, хирадманду адолатхоҳ, бунёдкору захматкаш ва дар маҷмӯъ дорои хиради азалии доштан эътирофу эҳтиром менамояд.

Ҳамин хислатҳои неки ин халқи тамаддунофар буд, ки хиради азалӣ тантана намуда, Ваҳдати миллӣ ба миён омад. Бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар садаи асри 20-ум ва масири таърихи ҳазорсолаи баъд аз сукути давлати Сомониён, бешубҳа барқарор кардани ҳамин сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Ваҳдати миллӣ моро аз фоҷиаи талхи миллӣ раҳоӣ бахшида, ба истиқлолияти давлатӣ заминаи боэътимод гузошт. Миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол маҳз тавассути Ваҳдати миллӣ дар саргаҳи роҳи давлатдорӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ба сӯи ояндаи нек қадам гузошт. Идеали сиёсии халқи тоҷик дар ҳама давру замонаҳо дар масири таърих ин Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани худ ва нақш гузоштан дар тамаддуни ҷаҳонӣ аст.

Ҳамзамон ваҳдати миллӣ барои фароҳам омадани муҳити солиму маънавӣ дар ҷомеа нақши муаасир гузошт. Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик бозгӯи он аст, ки миллати тоҷик ба мушкилоту нокомиҳои зиёде нигоҳ накарда, ҳар дафа баъди фоҷиаҳо дубора эҳё шуда, суннатҳои бузурги ниёгони хешро идома мебахшад. Аз ин рӯ, таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ин санаи таърихи барои сарнавишти халқи тоҷик аҳамияти фавқуллодаи таърихӣ дорад.

Раванди бебозгашти сулҳу созиш ва Ваҳдати миллиро пеш гирифтани халқи тоҷик ин пирӯзии тоҷик ба қувваҳои аҳриманӣ ва шикасти «Ормон» -ҳои душманони миллат аст.

Ваҳдати миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба эътироф гардидани низоми давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ваҳдати миллӣ ба шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу ранҷи бардавоми ҳар як фарди бедордили тоҷик баҳри худшиносӣ ва маърифату фарҳангшиносӣ нақши муосир гузошт.

 

Судяи суди ноҳияи Нуробод:  Камолзода М.Т.