ТАНЗИМ БА МАНФИАТИ МАРДУМ АСТ

Танзими анъанава ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими

Зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд.

Анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрӯз расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо он бояд мутобиқи талаботи замон инкишоф ёбад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёду сермасрафии ҷашну маъракаҳо, бори гаро-

не ба сари мардуми мо буд. Мардум барои беҳбудии зиндагии худ танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро зарур донистанд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро қабул намуданд, ки он бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои

аслии фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон равона гардидааст.

Он маъракаҳое, ки солҳои пеш сурат мегирифт, ба монанди маъракаи фотеҳаи тӯй, идонабарӣ, сандуқбарон, ҷойгаштак, ноншиканон, рӯбинон, ҷашн гирифтани зодрӯз ва монанди онҳо ба буҷети оила зарари бисёр мерасонд. Масалан, соли 2019 ба суди ноҳияи Нуробод чор адад

парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид ва нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазоҳои қонунӣ таъйин карда шуданд.

Ҳама гуна кору амали мо танҳо маҳсули тафаккури худи мост. Аз ин бармеояд, ки агар ба гузаштаи зиндагии худ нигоҳ кунем, эҳсос мекунем, ки солҳои зиёд чӣ амалҳои беҳикматеро дар рӯзгорамон роҳ дода будем.

Имрӯз мардуми бомаърифат дар зиндагӣ ва маъракаҳои худ низоми камхарҷро роҳандозӣ намудаанд, вале боз мебинем, ки баъзе аз нафарон ҳоло ҳам қонуншиканӣ мекунанд.

Риояи қонун ба манфиати мардум буда, хароҷотҳои зиёдатиро мо бояд дар ободонии маҳал ва дастгирии ниёзмандон сарф намоем.

                                                                                                                Ш. ШАРИФЗОДА,                                                                                                                                                                   корманди суди ноҳия