Парчами давлатӣ барои ҳар як халқу миллат, аз ҷумла барои мо- тоҷикон, муқаддас аст. Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад.
Парафшонии Парчам дар ҳар гӯшае баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат аст. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва бинои дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, Парчами мо нурафшонӣ мекунад.
Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода бо сухани муқаддимавӣ кушода, ин санаи тақдирсози миллатро ба ҳозирин табрик намуд.
Баромадкунандагон аз таърих ва пайдоиши Парчам ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамдилӣ изҳори назар намуда, аҷргузорӣ ба ба ин муқаддасоти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди ватандӯсти кишвар арзёбӣ намуданд.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ ва роҳбалади Сарвари давлат буда, ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди Миллӣ боло мешавад.
Ҷашни Рӯзи Парчам- эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати кӯҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, мебошад. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Курӯши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
Дар интиҳои ҳамоиш ба як зумра фаъолони ноҳия ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо тақдим гардид.