Бахшида ба таъсисёбии «Рӯзи милитсия» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод полковники милитсия Фидозода М. К. ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни оғоз бахшида, оиди фаъолияти милитсияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо маърӯза баромад кард.
Сипас раиси ноҳия Додарҷон Чобирзода кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Иди касбиашон шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар ҳифзи тартибот ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар ноҳия арзанда номид.
Кормандони милитсияро раиси суди ноҳия Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат ва собиқадорони ҷангу меҳнат Муминшо Собиров, ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод намуданд.
Дар ҷамъомад, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ШВКД-и ноҳия ба як зумра собиқадорон, кормандони фаъоли ШВКД-и ноҳия ва оилаҳое, ки саробон ё фарзандонашон ҳангоми барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом, бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳомиёни Ватанро болида намуданд.