Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин пешниҳод карданд, ки соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.
Ба хотири таъмини заминнаи ҳуқуқии ин пешниҳод 30-юми декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ба тавиб расид. Мақсад аз тасвиби фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани иниститути ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба давлат ва арзишҳои милли, таъмини волоияти қонун, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми суъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун таҳайюлоти инсонӣ мафқуфи васеъро дар бар гирифта, маҷмуи мураккаби ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро дар бар мегирад. Дар он пеш аз ҳама, муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, равонии ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо дар мадди аввал меистад. Вобаста ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ байни олимон фикру ақидаҳои гуногун мавҷуд буда, дар адабиётҳо илмӣ низ намудҳои гуногуни маънидодкунии мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ ба чашм мерасад. Чунончӣ, М.Б. Смоленский чунин мешуморад, ки маърифати ҳуқуқӣ-ин шакли инкишофёбии муносиби инсонӣ ва воситаи муҳими таъмини ҳуқуқҳои инсон мебошад.
Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур ин аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои хешро хело хуб дар сатҳи зарурӣ донем аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоем.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони пуртазоди ҷомеаи муоссир аз вазифаи асосии давлат ба ҳисоб меравад, зеро огоҳӣ ва донистани ҳуқуқу азодиҳои шахсӣ метавонад шаҳрвандонро дар ҳимояи ҳуқуқӣ худ ва таъмини риояи уҳдадориҳои давлату ниҳодҳои давлатӣ ва ё мақомотҳои байналмилали кӯмакрасон бошад. Дар навбати худ баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон боиси иҷрои беҳтари талаботҳои қонунгузории кишвар аз ҷониби онҳо мегардад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ кӯшиш менамояд, ки ба таври ҳамешагӣ риояи ҷиддии қонунҳо ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқиро таъмин намояд.
Ҳуқуқӣ инсон арзиши волотарин ва муҳимтарине ба ҳисоб меравад, ки Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ танзим менамоянд. Тавассути эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» давлат метавонад риоя ва танзими иҷрои ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар кишвар таъмин намуда ҳамчунин мушкилоти асосии ин самтро дар якҷоягӣ бо аҳоли муайян ва барои тасҳеҳ ба мақомоти қонунгузорӣ пешниҳод намояд. Дар ин росто давлат ва ниҳодҳои давлатӣ масъул ва вазифадор карда мешаванд, ки дар баробари ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд инчунин дараҷаи дарки ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқиро боло бардоранд. Аксаран ин кор тавассути ба роҳ мондани омӯзиши густурдаи меъёрҳои асосии Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар ба роҳ монда шуда, тавассути он сатҳи салоҳиятнокӣ ва бомасъулиятии шаҳрвандон дар баробари меъёрҳои қонун баланд бардошта мешавад.
Яке аз ҳадафҳои соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудан ин баланд бардоштани мақоми қонун ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун аст. Тавре аллакай қайд карда шуд, мақоми ҳонун ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ дар миёни аҳолӣ танҳо тавассути огоҳонидани онҳо баланд бардошта мешавад. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун халқи соҳибмаданият ва дорои дараҷаи баланди санъату фарҳанг ҳамеша ба қонун ҳамчун арзиши олӣ эҳтиром мегузоранд. Барои таъмини волоияти қонун шаҳрвандон ва давлатро зарур аст, ки эҳтироми мутақобиларо ташаккул диҳанд ва бо ин роҳ аҳолиро дар руҳияи арҷгузори ба қонунҳо тарбия намоянд.
Яке аз мушкилоти асосие, ки дар ҷомеаи муосир мушоҳида мешавад, ин беаҳмияти ва бепарвоги ба қонуншикани ва ҳуқуқвайронкуниҳо миёни аҳолии кишвар ба шумор меравад. Аҳолӣ аксаран ба ҳолатҳои гуногуни ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар гирду атрофашон рух медиҳад, хунукназарона рафтор намуда, ба он аҳамият намедиҳанд. Ин боиси амали нагардидани принсипи асосии ҷомеаи демократӣ яъне адолати иҷтимоӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки яке аз ҳадафҳои асосии соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ин тарбия намудани оштинопазирӣ ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунии дар замири шаҳрвандон мебошад. Аҳолӣ бо тарбияи хислати мазкур метавонанд, минбаъд дар ҳар як хатогии кӯтоҳ масъулиятро ҳис намуда ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд. Дар ин ҳолат сатҳи ҳамагуна қонуншиканӣ коҳиш ёфта осоиш дар мамлакат таъмин карда мешавад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро бе ташкили дастрасӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зеро дастрасии озод ба манбаъҳои қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки ҳар шахс барои дар доираи талаботи қонун ба роҳ мондани фаъолият, ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва огаҳ будан аз муқаррароти қонунгузорӣ бохабар бошад. Албата ин аммал аз мақомоти давлатӣ талаб менамояд, ки санадҳои худро мунтазам дар сомонаҳои худ ҷой диҳанд, пайваста онҳоро зери назорат қарор диҳанд ва ба ҳар гуна тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид мешаванд, эътибор диҳанд.
Маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила низ оғоз гардад. Тибқи маълумоти оморӣ, қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Маҳз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайнро вазифадор менамояд, ки фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Бешубҳа, талаботи мазкур, пеш аз ҳама ба хотири инкишофи ҳамаҷонибаи фарзанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиаш равона гардидааст.
Ҳамин тариқ маърифати ҳуқӯқӣ ба давлат, ҷомеа ва инсоният аҳамияти басо муҳим дорад. Барои ташкил намудани ҷомеаи устувор ва дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ шаҳрвандонро зарур аст, ки донишҳои ҳуқуқи худро сайқал диҳанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ шаҳрвандон танҳо бо кӯмак ва талошҳои муштараки ҷомеа ва давлат метавонад ба амал ояд.
Бинобар ин бояд ҳамаи мо дар ин самт бетараф набошем ва то қадри имкон тамоми дониш, малака, таҷриба, неру ва имкониятҳои худро барои иҷрои вазифаҳое, ки барои пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд равона намоем.
Судяи суди ноҳияи Нуробод Камолзода Мадина Тоҳир.