Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонунгузори дар давраи истиқлолият.

Имсол аз қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол мешавад ва 6 ноябр ин санаи таърихиро мо ҷашн мегирем. Конститутсия ин ҳуҷҷати олие мебошад, ки он сохти идоракунии давлатиро дар чаҳорчубаи муайяни қонунҳо тарҳрезӣ намудааст. Яъне бо тарзи дигар гӯем Конститутсияи Ҷумҳури ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиатҳои ҳамаи рукнҳои ҷомеъаро дар бар мегирад.

Конститутсия шаҳодатномаи миллат аст (Эмомалӣ Раҳмон) гуфтаи зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беасос нест. Зеро маҳз конститутсия тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Тавассути конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим гардида, ҳуқук ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани конститутсияи ягона яке аз аломатҳои давлати ягона ба шумор меравад. Чунки дар қаламрави давлат аз конститутсия дида, ягон санади ҳуқуқии дигари баробар эътибор вуҷуд надорад. Таърих гувоҳ аст, ки конститутсияи имрӯзаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар вазъияти номутташаниҷи сиёсӣ қабул карда шудааст.

Агар ба таърихи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имрӯз 5 маротиба конститутсия қабул карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон конститутсияи имрӯзаамалкунанда конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқукбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кардааст.

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни Асосӣ таъсис дода шуд. Охири моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандон дар матбуот нашр гардид. Дар ин замон вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт, зеро гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати ҳамонвақтаи кишвар пайдо гардида, оромии мамлакатро халалдор намуданд ва инро ба назар гирифта бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати муҳокима то 1 июли соли 1992 дароз карда шуд. Вазъи ноороми сиёсии мамлакат охир ба ҷанги шаҳрвандӣ расонид ва дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир афтод. Моҳи ноябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи таърихсоз баргузор гардид. Таҳия, муҳокима ва қабули конститутсияи нав пас аз баргузории иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Дар иҷлосияи мазкур Қарор «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи конститутсионӣ таҳти сарварии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ки дар он вақт вазифаи мазкурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зима дошт) таъсис ёфт.

Мо³и ноябри соли 1993 Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба та³ияи лоиҳаи конститутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайати ин гурӯҳи корӣ олимо, кормандони амалӣ ва коршиносон шомил карда шуданд. Дар давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи конститутсияро пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи аввал тарзи идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли парлумонӣ ва лоиҳаи дуюм ба тарзи идоракунии президенти бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима, лоиҳаи конститутсияеро, ки шакли идоракунии Президентиро ҳимоя мекунад, маъқул дониста, онро ба муҳокимаи халқ пешҳод намуд. Лоиҳаи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид.

Дар давоми зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа, аз ҷониби мурдуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ, зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шурои Олӣ ворид гардид.

Санаи 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Чи тавре қайд кардем, дар таърихи Тоҷикистон то ба имрӯз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шуд. Конститутсияи имрузаамалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор хусусиятҳояш аз дигар конститутсияҳои Тоҷикистон фарқ мекунад, ки аз инҳо иборат мебошанд.

  • Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард.

Ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон дар моддаҳои зерини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Тибқи талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ ба шумор меравад. Чи тавре аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дида ягон арзиши болое вуҷуд надорад. Ягон манфиат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳояшро поймол карда наметавонад. Дар конститутсияҳои пешина бошад дар ҷойи аввал манфиатҳои давлати советӣ меистод, баъд дигар манфиат ва ҳуқуқу озодиҳо.

Дигар моддае, ки ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистонро мустаҳкам мекунад, ин моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

  • Фарқияти дигар дар он аст, ки тарзи амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро тавассути таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муқаррар кард.

Принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ин яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Тибқи талаботи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он ба  ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад. Принсипи мазкур аввалин маротиба дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1990 ҳангоми қабул намудани Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гардида, дар эъломияи мазкур мустаҳкам карда шуд. Мақсади принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ суистифода накардани ҳокимияти давлатӣ аз ¿ониби яке аз шохаҳои он мебошад. Принсипи мувозинат ва боздории шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад.

  • Фарқияти дигар тарзи демократии ташкил ва фаъолияти мақомотҳои

давлатиро муқаррар намуд. Зеро тибқи талаботи моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ифодаи олии бевоситаи хокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ аз ҷумла қабул ва тағйиру иловаҳо ба конститутсия, интихоботи Президент, интихоботи аъзои маҷлиси миллӣ, вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакили маҷлиси маҳаллӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот сурат мегирад.

  • Фарқияти дигар он аст, ки конститутсия гуногуншаклии моликият ва фаъолияти озоди иқтисодиро кафолат додааст. Тибқи талаботи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил мекунад. Давлат фаъолияти озоди иқтсодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликият хусусиро кафолат медиҳад. Кафолати мазкурро ягон конститутсияҳои пешини Тоҷикистон пешбинӣ накарда буд. Бояд қайд кард, ки гуногуншаклии моликият яке аз воситаҳои таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар шахс ба шумор меравад, ки таъмин намудани онҳоро давлат тибқи талаботи қисми 2 моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш гирифтааст. Аз ҷониби дигар инкишофи иқтсодиёт ин асоси инкишофи давлат, пойдории мақомотҳои давлатӣ, таъминоти иҷтимоии мардум ба шумор меравад.
  • Фарқияти дигари конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон аз конститутсияҳои пешинаи Тоҷикистон дар шакли қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ба шумор меравад. Тибқи талаботи моддаи 98 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  сурат мегирад. Конститутсияи Шуравии Тоҷикистон аз ҷониби Шурои Олии қабул ва бо чунин тартиб ба он тағйироту иловаҳо ворид карда мешуд. Бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия ва ба он ворид намудани тағйироту иловаҳо яке аз омилҳои демократии давлат ба шумор меравад.

Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар хусусиятҳояш аз конститутсияҳои пешинаи Тоҷикистон фарқ мекунад, масалан меҳнат карданро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуда, сиёсати сулҳҷӯёнаро бо дигар давлатҳоро Тоҷикистон муайян намуд, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлат эътироф гардид ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат дод.

Бояд қайд кард, ки муносибатҳои амъиятӣ хусусияти догма, яъне шахшуда нестанд ва онҳо доимо дар инкишофанд. Баробари инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ меъёрҳои ҳуқуқие, ки он муносибатҳоро ба танзим медароранд бояд инкишоф ёбанд. Инро ба назар гирифта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз се маротиба санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Охирон маротиба санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворд карда шуда, он ба талаботи имрӯзаи Тоҷикистон ҷавобгӯ гардонида шуд.

Масъалаҳои муҳиме, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 майи соли 2016 ворид карда шуд, аз инҳо иборат мебошад:

  • Бо мақсади таъмини мустақилияти пурраи ҳокимияти судӣ, Шурои адлияи Ҷумҳури Тоҷикистон барҳам дода шуд, ки ин имконият медиҳад ҳокимият судӣ бе дахолати дигар ҳокимияти давлатӣ кадрҳои арзандаро ба вазифаи маъмури хизмати давлатӣ дар дастгоҳҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо, суди иқтисодии вилоятӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судҳои ҳарбӣ таъин намуда, номзадҳои арзандаро ба вазифаи судягӣ ба Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод намояд.
  • Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динӣ дошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсии аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шуд. Мақсади асосии пешбинӣ намудани маҳдудияти мазкур ин аз пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба шумор меравад.
  • Шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар карда шуд.
  • Бо мақсади ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин ва интихоб намудани ҷавонон талаботҳои синну соли баъзе аз мансабҳои олии давлатӣ тағйир дода шуд. Чунончи синну сол барои вазифаи Президентӣ интихоб шудан 30 сола, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудан 30 солагӣ, ба вазифаи Раис, муовин ва судяҳои Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтсодӣ интихоб шудан 30 солагӣ муқаррар карда шуд.
  • Синни ниҳоии дар вазифаи судягӣ будан аз конститутсия хориҷ карда шуда, муқаррар намудани он ба Конуни Консттутсионӣ «Дар бораи судҳо» ҳавола карда шуд.
  • Халқи Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта ба эшон унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро тақдим намуданд ва тибқи талабот қисми 5 моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ҳуқуқ дорад ба вазифаи Президент беш аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шавад.
  • Вобаста ба доштани душаҳрванди барои ишғоли баъзе намуди мансабҳои давлатӣ маҳдудият пешбинӣ карда шуд.
  • Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин тағйиротҳои имлоӣ низ ворд карда шуда буданд.

Умуман дар давраҳои муайяни таърихӣ раванди қонунгузории кишвар вобаста ба масоили муҳимми самти инкишофи давлат таъсири муайянро ба худ эҳсос намуда, баҳри дуруст тарҳрезӣ намудани роҳи асосии инкишофи давлат, ки аз табиати Конститутсияи кишвар бар меоянд, ба қадри зарурӣ такмил ёфта, фазои ҳуқуқии мусоид дар кишвар муҳайё карда шуд.

Дар ҳамин радиф бояд қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон санадҳои зиёди байналмилалиро, ки характери универсалиро доро мебошанд, дар соҳаҳои гуногун аз қабили дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини ҳуқуқҳои занон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва чандин санадҳои дигарро, пазируфтааст, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил дода, сатҳи амали онҳо дар моддаи 10 Конститусияи мамлакат мустаҳкам гардидааст.

Дар асоси амалишавии ин меъёрҳои Қонуни олии кишвар гуфтан мумкин аст, ки имрӯз андешаҳои муосири парламентаризми миллии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, аз ҷониби парлумони мамлакат раванди қонунэҷодкунӣ, хусусан қонунҳои миллӣ, ки мақсаду мароми онҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар мебошад, бо маром идома ёфта истодааст.

Дар ин ҷода метавон қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ ба парлумони кишвар пешниҳод шуда, онҳо қабул гардиданд, номбар намуд.

Ҳамчунин, барои қабули қонунҳои конститутсионӣ нисбат ба дигар қонунҳо тарафдории накамтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдории аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешбинӣ гардида, он дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқи аз дигар қонунҳо болотар гузошта шудааст, ки ин маънои афзалият доштани қонунҳои конститутсиониро аз дигар қонунҳо нишон медиҳад.

Имрӯз дар кишвар қонунҳои конститутсионии зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки ба фаъолияти мақоми қонунгузор, иҷроия ва судӣ бахшида шудаанд, аз қабилӣ қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чандин қонунҳои конститутсионии дигар мебошанд.

Дар асоси  Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Вобаста ба ин, ҳанӯз моҳи апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 1 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъияти-сиёси дар ҷумҳурӣ” ба тасвиб расид. Ҳамчунин 30 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соли маърифати ҳуқуқи эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.

Бояд қайд кард, ки ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки зинаи муайянкунандаи  рушди давлат ва ҷамъияти мустақил буда, натиҷаи инкишофи  тӯлонии  низоми ҳуқуқии инсоният ва олитарин  арзиши  иҷтимоӣ ба шумор меравад, аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар ҳамаи қонунҳои амалкунандаи давлатамон мукаммал   гардонида шудааст.

Дар поёни суханҳо мехоҳам аз фурсати муносиб истифода бурда, кули мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни 30 –юмин солгарди қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, рӯзгори тинҷу ором ва ваҳдату риояи низоми қонунро хоҳонам.

 

И.В. Раиси суди ноњияи Нуробод:                                     Камолзода М.Т.