ПАРЧАМ НИШОНАИ РАМЗИ МИЛЛАТ

 

Парчами давлатии Тољикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дустиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлати шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад. Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлолияти Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ рӯзи парчами давлати ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлатӣ имрӯз бо арзиштарин муқадасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо  ва сарватҳои миллӣ дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатии тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиноси мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки бо ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки парчами мо рамзи ҳуввияту ҳушёрист, ки барои таҷассуми таҷрибаи  давлатдории миллӣ ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод менамояд. Имрӯз он нишонаҳои, ки дар парчами мо дида мешавад ифшоргари тавоноии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст. Мо дар ин рӯз зери сояи парчами миллӣ пирўзии кишвари хеш мебинем. Парчами миллӣ ба сифати рамзи музаффарият  ва гузашти пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озода, соҳибихтиёри ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи милли адолат мавриди эҳтиром ва қадршиносиии ҳар фарди миллат қарор бигирад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат ва рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Ниёгони мо ҳамчунин ба маънии «парчам» бештар аз климаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.Дирафши ковиёни -парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод аз давраи Пешдодиён то Сосониён буд. Пачами нави давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.Ин парчам бо таваҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се ранги уфуқӣ иборат аст.Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст;- Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст; Ранги сурхи парчам рамзи муориза ва ҷоннисории халҷ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият;-Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар; Ранги сабзи парчам рамзи саъю кушиш ва замату  мењнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хурам мегардад, маънӣ мешавад. Имрўз  парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлатӣ тазаистиқлоле бо номи Ҷумурии Тоҷикистон  мужда медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдвти милли мешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи телевизионӣ  аз 24 ноябри соли 2010 ба шарафи Парчами Тоҷикистон моҳияти рангҳои онро чунин маънидод намуда буданд:  «Рангҳои парчами миллии мо раҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад. Ранги сурх ранги мубориза барои озодӣ ва итсиқлолият, ранги сафед-ранги хушбахтӣ, орзу ормон ва   умед, ранги сабз-рамзи гулгулшукуфиӣ,   ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрак тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи таърихии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад».  Парчами давлати Тоҷикистон бояд барои ҳар яки сокини чумҳуриямон азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад. Зеро тавре аз оинаи нилгун пайваста мебинем дар мусобиқаҳои мухталифи ҷоми ҷаҳонӣ парчами миллии ин ё он варзишгари ғолиб баъди ғолиб омаданаш бо навохтани суруди миллии он кишвар вобаста ба ҷои ишғолкардааш бо тантанаи махсус боло бардошта мешавад ва ҳатто аз ғолибияти кишвари худ ашки шодӣ дар он лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташ мерезад. Мисоли дигар мухлисон дўстдорони миллати худ парчами миллии кишвари худро дар вақти мусобиқаҳои ҷоми ҷаҳонӣ бахусус дар вақти бозии футбол дар варзишгоҳҳо ҳамакаса дошта пайваста онро алвонҷ медиҳанд. Боксчиёни касби бошад вақти ба набард ҳозир шуданашон парчами давлатии кишвари худро  бар китфашон партофта, ба мусобиқа ҳозир мешаванд ва баъди ғалаба онро бо эҳтироми махсус бӯса ҳам мекунанду ба чашмонашон мемоланд. Аммо онро тамоми мардуми мо дарк карда метавонанд. Ин саволест, ки барои тамоми мардуми тоҷик равона карда шудааст. Пас дар ин соҳа бояд нафақат муаслимони макотиби  миёнаву олӣ, балки зарур аст аз боғчаву кӯдакистонҳо ва ҳатто падару модарони ҷавон ҳам бояд дар парваридани муҳаббат ба парчами миллӣ ба фарзандонамон бояд кори зиёдеро дар ин ҷода анҷом бидиҳанд. Парчами ҳар як кишвар метавонад тамоми ҳастии давлатдориашро дар ин муқаддасоташ нишон диҳад. Инчунин  дар Низомномаи  парчами давлатии Тоҷикистон омадааст, ки  ашхоси қасдан ба парчами миллии кишвар зарар расонида бояд ба ҷавобгари кашида шавад. Бигузор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо дар фазои ороми кишвари маҳбубамон парафшонӣ намояд. Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон дар бораи парчами миллӣ чунин иброз доштаанд: «Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихи ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Орзумандам ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тўли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳамул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми  ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад.Умедворам,ки суруди милли ин миллатӣ азизамон ба таври ҳамеша танинандоз  ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

 

Раиси суди ноҳияи Нуробод

Зуҳурзод Н.Ҳ.