НИШАСТИ МАТБУОТӢ

19 июли соли 2021 дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз аз ҷониби Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ахборот пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра мақомоти судӣ дар фаъолияти худ муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ 84686 парвандаҳои судиву мавод аз рӯи пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро ворид гардиданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 11486 адад зиёд мебошад.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 7612 ададро парвандаҳои гражданӣ, 22514 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5991 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 26031 ададро парвандаҳои маъмурӣ, 4161 ададро дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 4014 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.
Аз ҷониби судҳо барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда баррасӣ гардида, ба 349 шахс ба маблағи умумии 1388270 сомонӣ ҷазои ҷарима татбиқ карда шудаст.
Шумораи баррасии парвандаҳо ҷиҳати риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 9138 адад расида, бо ин парвандаҳо нисбати 3576 нафар ҷазои огоҳӣ ва 4458 нафар ҷарима ба маблағи умумии 743598 сомонӣ таъин карда шудаст.
Вобаста ба амалигардонии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 -2030», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 тасдиқ шуда, ба таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии шаҳрвандон равона гардидаст, судҳо 314 адад парвандаро вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор баррасӣ карданд.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз аз ҷониби мақомоти судӣ низ дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудаст, судҳо 10521 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда, дар телевизиону радио дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ 1782 маротиба баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 701 адад хабару мақолаҳоро ба нашр расонида, дар 5548 ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Ҳамзамон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳурӣ 7 адад барномаи «Мурофиа» сабт карда, тариқи шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» пахш гардиданд.
Ба ғайр аз ин, бо иштироки судяҳо 12 адад барномаи телевизионии «Ҳуқуқи Шумо» ва 28 адад барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Додгоҳ» доир ба кору фаъолияти мақомоти судӣ таҳия гардида, тариқи Телевизиони «Ҷаҳоннамо» намоиш дода шуданд.
Ҳамзамон судҳо бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ҳолатҳо, сабабу шароитҳои вайронкунии қонун дар маҷмӯъ 13425 таъиноти хусусӣ бароварда, 388 ҷамъбасти амалияи судиро гузаронида, ба мақомоти дахлдор 660 адад пешниҳод ирсол намуданд.
Бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасогиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта ва беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар нимсолаи дуюми соли 2021 амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаст, аз ҷумла:
— раисони судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ вазифадор карда шуданд, ки назоратро аз болои фаъолияти судяҳо оиди дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ намудани парвандаҳо, саривақт таҳия намудани санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ, ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ ва рафти иҷрои онҳо тақвият бахшанд;
— судяҳои Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҷамъбастии амалияи судӣ оиди таъини ҷазо бо парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳои сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, парвандаҳои гражданӣ дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликият ба воситаҳои нақлиёт, дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона, баррасӣ ва ҳалли баҳсҳо вобаста ба парвандаҳои оилавӣ бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро гузаронида, натиҷаи ҷамъбастиҳоро дар ҷамъомади судяҳо мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода, дар ин хусус ба роҳбарияти Суди Олӣ ахбороти муфассал пешниҳод намоянд;
— судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2030» раванди корҳои тарғиботиву ташвиқотиро тақвият бахшида, бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ ва коррупсионидошта, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ, бо шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи баррасии чунин парвандаҳо дар воситаҳои ахбори омма гузоришҳо ба нашр расонанд.