Тавре, ки дар китобҳои таърих омада аст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи ҷамшед буд. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21 уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рузи кишту кори деҳқонон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори маҷмаи умуми Созмони Милали Муттаҳид ба як идӣ ҷаҳони табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки соли нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кули кишварҳои осиёи марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад ҳалқаҳои пайванди қавму мииллатҳои ҳам фарҳангу ҳам таърих ва ҳам тақдирро таҳким мебахшад ҷаҳни бузурги Наврӯз дар воқеъ, дар ваҳдатгарои халқу милатҳои гуногун мебошад ва ин маънӣ, ин халқу милатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайваста аст, мо инро пеш аз ҳама, дар мисоли ҳамоҳангию ҳамчунин маросими ҷашнгири Наврӯз дар Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем. Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол дар кишварҳои дунё башумор меравад ва ба муносибати фарораси баҳор дар давлатҳои ҷаҳон иду маросимҳои халқи гузаронида мешаванд дар фасли баҳор ҳама мисли гул шукуфон мегарданд. Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин ва фасли ризқу рӯзӣ низ меноманд. Дар давлати Тоҷикистон ин фаслро фасли пурфайз меноманд.
Баҳор фасли зеботарини сол ба шумор меравад. Баҳор аз се моҳ иборат аст. Аз ҷумла март, апрел,май, дар фасли баҳор дарахтон гул мекунад, замин ҷомаи нав бабар мекунад ва табиат аз зинда мешавад. Дар фасли баҳор дили ҳар як шахс аз нав зинда мешавад,