Мақола: НАҚШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛИИ ОБ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

 

 

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст, воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти ҷаҳонии марбут ба норасоии шадиди оби тоза дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон ва алахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ қайд карданд. : «Ҳама бояд дарк кунанд, ки арзиши об на камтар аз нафт, газ, ангишт ва дигар сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергия барои рушди устувори ояндаи кишвар ва минтақа аст». Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об. Моҳияти ин масъаларо Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоиикистон Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, дар ҷаласаҳои СММ пешниҳодҳо намуданд:

  1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
  2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 МУ СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.
  3. Ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об.

Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи МУ СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналма3 илалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

  1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд[3].

Ин ташаббус аз тарафи МУ СММ бо қабули қатъномае (A/RES/71/222) қабул карда шудааст. Мутобиқи қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуда, он аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Пешниҳодоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир аст, ки бо афзун гаштани шумораи аҳолии сайёра ва тарақиёти бахшҳои гуногуни иқтисодиёт инсоният дар тўли таърихи бисёрҳазорсолаи хеш бори аввал ба норасоии шадиди оби нушокӣ дучор омад, ки нодида гирифтани он оқибатҳои ҳалокатовар дошта, хавфи заволи инсонӣ мегардад. Аз рўйи баъзе маълумотҳҳо ҳанўз тақрибан 750 млн одамон дар ҷаҳон бо оби тозаи нушокӣ ва 2,5 милиард нафар ба шароити кофии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна бо андозаи беш аз 60 миллиард доллари ИМА хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои василаҳои зиндагӣ зиёда аз як миллиарду 200 миллион одам дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Тағйири глобалии иқлим ва вазъи демографӣ ба ин равандҳо бешубҳа таъсири зиёд мерасонад. Тибқи арзёбии коршиносон шумораи аҳолии кураи сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда 50%-и аҳолии кураи замин бо мушкилоти норасоии об рў ба рў мегардад[7].

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад. Аз рўйи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум ва дар ИДМ дар ҷойи 2-юм (баъд аз Русия) қарор дорад. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 млрд м3- ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёна мебошад. Мутаассифона, қисми зиёди обҳои ҷумњурӣ тавассути дарёҳо ба ҳудуди дигар кишварҳо ҷорӣ шуда, заминҳои давлати бегонаро шодоб менамоянд. Анқариб 70%-и оби дарёҳои бузургтарини Осиёи Миёна, яъне Сирдарё ва Амударё дар ҳудуди Узбекистон ва Туркманистон истифода мешавад. Гарчанде Тоҷикистон дар саргаҳӣ дарёҳо воқеъ аст, вале садҳо ҳазор гектар заминҳо ҳамчун заминҳои лалмӣ боқӣ монда, обёрӣ карда намешаванд. Яке аз проблемаҳои экологии минтақавӣ ин муаммои баҳри Арал мебошад. Вобаста ба он, ки солҳои охир оби Амударё ва Сирдарё қариб пурра дар заминҳои Узбекистону Туркманистон барои обёрӣ истифода шуда, ба баҳри Арал об хеле кам ҷорӣ мешавад, бухоршавии об дар ин баҳр хело ҳам зиёд аст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ баҳри Арал дар масоҳати 30000 км2 хушк шудааст ва бо суръати тез идома дорад[8].

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шиддатнокии раванди тағйирёбии экологӣ ҳолатҳои мавсими фаромадани селҳои харобиовар ва фаъол гардидани таъсиротҳои сел ба агроэкосистема ва муҳити табиӣ зиёд гардидааст. Дар даҳсолаи охир мушоҳида намудан мумкин аст, ки яке аз омилҳои асосие, ки ба вайроншавии ҳолати экологии Тоҷикистон оварда расонида истодааст, ин шумораи зиёди автомашинаҳои сабукрави хурду калон ба шумор рафта, асоси вайроншавии њолати экологӣ ва зиёд шудани карбонатҳо гардида, яке аз сабабҷои обшавии пиряхҳо ба шумор меравад. Омўзиши вазъи экологии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он дар ҳолати ногувор қарор дорад. Мо бояд захираҳои обро ҳифз намоем, ки самти асосии он муайян намудани омилҳои экологӣ буда, барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамоянд. Қайд кардан ҷоизаст, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии омилҳои экологӣ дар арсаи ҷаҳон бениҳоят калон мебошад

 

Ғозиев Сангинмурод Нуриддинович

Вазифа Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Нуробод