Чихеле, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд кардаанд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҳикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони пазируфта шуд.
Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо яъне истиқлолият, бояд санади тозае таҳя ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муаян сохтани сохтор, идораи давлатӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳамаи ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад, ва санади асосӣ шинохта шудааст. Якумин маротиба Кониститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми Тоҷикистон мебошад.
Инак 6 ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурси умумихалқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 31 солаги онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин сана барои мардуми мо як санаи таърихи буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978, ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кониститутсияҳои гузашгта ба куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқи байналмилали ҷавобгӯ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26- сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016-ум) бо роҳи райпурси умумихалқи тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Аз вақти қабул шудани Кониститутсия то им руз дар ҳаёти сиёсиву иқтисоди иҷтимои ва фарҳанги кишварамон дигаргуниҳои кулли ба миён омаданд. Маҳз тайи ҳамин солҳо музокираи тулонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шӯруъ шуда аз 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Созишнома дар бораи ҳалу фасли яқатор масъалаҳои мубрами рӯз, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия пешбини намуд. Барои амали намудани ин ҳадаф якумин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 ба тариқи райпурси умумихалқи ба 31 моддаи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудаан, ки ин тағйиру иловаҳо дар бобати ташкили Парламенти Доимоамалкунандаи касби — Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси мақоми нави дастаҷамъӣ – Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳост.Сипас, мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 Шӯрои адлия таъсис дода шуд.
Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, ки муқарароту меъёрҳои кониститутсиони такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонида шавад. Тавре Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Кониститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазакур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудиҳою нуқсонқои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шудаанд». Ҳамин буд, ки гуруҳ аъзои маҷлиси миллӣ ва вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту оловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташшабус баромад намудаанд. Ин пешниҳоди намояндагони халқ, иборат аз ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳое буданд, ки дар зарфи солҳои 1992-2003 ба даст омадаанд.Тағйиру иловаҳо масъалаҳои зеринро дар бар мегирифтанд:
1 Арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, 2 мӯҳлати ваколати президент 7 солӣ на бештар аз ду муҳлат пай дар пай, 3 мӯҳлати ваколати судяҳо бошад аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд, инчунин муқарароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳ.
Ҳамин тавр бори дуюм – 22 июни соли 2003 ба 56 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои роҳбарияти давлат ва халқи Тоҷикистон аст.
Тағйиру иловаҳои сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки рушду устувори босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи
муосири Тољикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Инчунин бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тољикистон аз 4 октябри соли 2011. №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳотҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд. Зарурияти дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни асоси ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилали мебошад. Ин тағйиру иловаҳои Конститутсия барои рушди бемайдони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Бори сеюм ба 41 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Мирзоев Талбихоҷа Маҳмадшоевич корманди суди ноҳияи Нуробод
Суди ноҳияи Нуробод 

