Асосҳои ҳуқуқи ва маънавӣ, таълиму тарбия дар паёми навбатии Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақкид ба масъалаҳои таълиму тарбия ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ва маънавии рушди ҷомеа, яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, илм ва маънавиёти ҷомеа ҳамчун кафили устуворӣ ва ояндаи миллат аҳамияти махсус медиҳанд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, рушди илм ва маориф ҳамчун яке аз самтҳои стратегии давлат тақкид гардидааст. Мазмуни асосии суханрониҳои марбут ба ин соҳа ба беҳтар намудани низоми таълим, рушди таҳқиқотҳои илмӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос равона шудааст.

Нуқтаҳои асосӣ дар соҳаи илму маориф дар Паём чунинанд:

— роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштаанд, ки ҷавонони ватандуст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷуёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмиллалӣ саҳми арзишманд мегузоранд;

— рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи тенологияҳои рақамӣ;

— дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ;

— муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ;

— зарурати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷи аз зинаи таҳсилоти то мактабӣ, андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷи, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи бо самари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон;

— эътибор надодан  ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсоли ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия сабаби асоси бадбахтии ҳар як миллат ва давалт мебошад;

— рӯй наовардани тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф, миллатро дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда меоварад.

Вобаста ба ин нуқтаҳо ба омилҳои зерин бояд таваҷуҳ зоҳир намуд:

Муҳимияти илм ва маориф дар рушди ҷомеа:-илм ва маориф ҳамчун асоси пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар арзёби мегардад; — таъкид ба зарурати омодасозии насли наве, ки дорои дониши замонавӣ ва қобилияти ҳалли мушкилоти муосир бошад; — омӯзиши забонҳои хориҷӣ; — омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар.

Инфраструктура ва сифати таълим:

-афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддӣ-теникӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои омӯзгорон ва олимон;

-таъмин намудани мактабҳо бо технологияи мосир, интернет ва маводи таълимии мувофиқ.

Рушди илмҳои табии ва гуманитарӣ: — таваҷҷуҳи беҳтар ба илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ ва инноватсионӣ;- ҳавасмандгардонии олимон барои гузаронидани таҳқиқотҳои дорои аҳаммияти миллӣ ва байналмилалӣ.

Баланд бардоштани сифати кадрҳо:

-ба роҳ мондани барномаҳои махсус барои омӯзгорон ва муҳаққиқон, аз ҷумла курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар;

-ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти олӣ ва илмҳои таҳқиқотӣ тавассути барномаҳои грантӣ.

Арзишҳои миллӣ ва маънавӣ дар таълим:

-мувофиқ намудани мазмуни таълим ба арзишҳои миллии тоҷикона, фарҳанг ва анъанаҳои мардум;- парвариши ҷавонон бо руҳияи ватанпарастӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ.

Дар маҷмуъ, Паём ба аҳаммияти илм ва маориф ҳамчун воситаи асосии ташаккули ҷомеаи пешрафта ва рақобатпазир таъкид мекунад. Президенти кишвар рушди инсоҳаҳоро на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти умумии ҷомеа медонанд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шудааст. Президент муҳиммияти ин равандро ҳамчун асоси ташаккули шахсияти комил ва рушди устувори ҷомеа таъкид намуда, роҳҳои зеринро пешниҳод мекунанд, аз ҷумла:

1.Беҳтар намудани шароити моддӣ-техникӣ. – таъмин анмудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла компютерҳо, интернет ва дигар василаҳои технологияи иттилооти; — сохтмонӣ муассисаҳои нави таълимӣ дар минтақаҳои дурдаст барои фарогирии пурраи кӯдакон ба таҳсил; — муккамалсозии китобхонаҳо бо адабиёти таълимӣ ва илмии мосир.

2.Баланд бардоштани мақоми омӯзгорон. – таъмини омӯзгорон бо шароити хуби корӣ ва баланд бардоштани музди меҳнат; — ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон; — ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонӣ омӯзгоронӣ фаъол бо мукофотҳо ва унвонҳои ифтихорӣ.

3.Ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ. – истифодаи усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла таълими интерактивӣ, онлайн-платформаҳое барои дарсҳо ва системаҳои рақамӣ; — ташкили барномаҳои таълимии рақобатпазир барои ҳамгироӣ бо низомҳои байналмилалии маориф.

4.Нақши тарбия дар рушди шахсият. – ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтироми қонун ва фарҳанг дар байни ҷавонон; — таъкид ба нақши оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ дар раванди тарбияи ахлоқӣ ва маънавии наврасон; — ҷорӣ кардани чорабиниҳои тарбиявӣ ки ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароиро тақвият медиҳанд.

5.Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ. – густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои балналмилалии маориф барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафта; — фароҳам овардани имкониятҳо барои таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои хориҷӣ.

Дар маҷмуъ, Президент таъкид мекунанд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия бояд якҷоя бо оила, ҷомеа ва давлат амал карда шавад. Ҳадафи асосӣ омода намудани насли нав бо дониш, маърифат ва ахлоқи баланд барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи муосир мебошад.

 

Судяи суди ноҳияи Нуробод: Камолзода М.Т.