Ҷамъомади тантанави бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Бахшида ба 30- юмин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дарнази бинои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Раиси ноҳия, ҷобирзода Додарҷон Пулод  чорабиниро  ифтитоҳ намуда, қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо  муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ин муқаддасот  рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдорию бақои он мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сиёсати хирадмандонаю одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ноҳияи Нуробод дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, рӯз ба рӯз ободу зебо ва дилрабо гардида истодааст.

Имрӯз Нуробод ба як гӯшаи ободи  диёри тоҷикон табдил ёфтааст.

Мардуми ноҳия бо як дилгармӣ ва умеду боварии зиёд ба ояндаи нек, тамоми қувваи худро баҳри ободии Ватан равона карда истодаанд. Тӯли 30 соли Истиқлолият дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба даст омаданд.   Бо ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ноҳияи Нуробод рушду инкишоф ёфт.

Дар ҷамъомади мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иштирок ва суханронӣ намуд.