Конститутсия — Санади муқаддас ва тақдирсоз

Ҳануз 29 сол қабл, яъне 6 ноябри соли 1994 халқи   Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи қаҳонӣ, бо дарки амиқи    таъмини соҳибихтиёрии давлатии худ, муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои шахс, эътироф кардани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, бо тасмими бунёди ҷомеаи адолатпарвару демократӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Конститутсия асноди муҳими сиёсӣ буда, ҳуҷҷатест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ бартарӣ дошта, дар он тамоми самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии давлат дарҷ гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми конститутсияҳои мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон мақоми намоёнро ишғол намуда, аҳамияти муҳими таърихӣ ва байналмилалӣ дар он аст, ки Тоҷикистон як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавассути кишвари мо воҳиди баробарҳуқуқии ҷомеаи байналмилалӣ буда, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии давлат ба роҳ мемонад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифти арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми рукунҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.

Бо назардошти ин омилҳо то имруз 3-маротиба ба Конститутсия тағиру иловаҳо ворид карда шудаанд

Бо низоми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки шакли идоракунии давлат президентӣ мебошад, бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме дар арсаи ваҳдати миллӣ, ободи кишвар,худшиносиву худогоҳӣ, шинохти ҷавҳари таърих, пос доштани  арзишҳои таърихиву фрҳангӣ комёб гашта, пояҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд устувор гардида истодаанд.

Конститутсияи – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоди такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад. Эҳтиром нисбат ба Канститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву бо ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва таҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асоси кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат ҳамаи моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва Ватани азизамонро ба сатҳи баланди рушду тараққиёти худ расонем, ҳамзамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

 

Раиси суди ноҳияи Нуробод

Зуҳурзод Неъматуло Ҳимат