КОНФЕРЕНСИ ИЛМИ-АМАЛИ ТАҲТИ УНВОНИ ТЕРРОРИЗМ-ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Дар марҳалаи нави рушди ҷомеа, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз, ин тақвият  бахшидани ҳифзи истиқлоли давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқат пешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаасифона дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян вуҷуд доранд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст. Терроризм ва экстремизм амалҳои хушунатомез ва ваҳшатбор мебошад  ва хостори ин ҳастанд, ки афкори хориҷиро дар ҷомеа мавриди назар  тағйир диҳанд.

Дар замони мо, ки пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм  инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо,  дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой доранд.

Дар давраи ҳозира, мутаассифона  дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгараёнаи террористӣ ва эстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хело фаъол гардидааст. Дар айни  замон, терроризм ва экстремизм ба  хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосиро  ба ташвиш  овардааст.

Бояд зикр намуд, ки  дар замони муосир мубориза  бар зиддӣ ин гуна қувваҳои ифротӣ ба мадди аввал бар меояд. Дар мубориза  бар зиддӣ ин гӯраҳҳои ифротӣ эктремистӣ ва терористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастаҷамъ бошанд.

Дар ҷомеаи қунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ насли калонсол- падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар табақаҳои аҳолии ноҳияро  зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолраси ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ  нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба  доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил, байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд  меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ  ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва терористӣ мегардонанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир, оқибатҳои харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидаст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин вабои аср  дар ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар маддӣ аввал ва сармашқи фаъолияти худ қарор додааст.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи терористи ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истоданд. Ҳаёти  кишварҳои мусулмонӣ имрӯз  нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгири ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳони як мушкилоти сарбаста гардидааст.

Пайванд кардани фаъолияти  ин ҳизбу ҳаракатҳо ба ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар  мегардонанд. Бинобар ин, моро чунин зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҷомеа муайян созем.

Бо назардошти он, ки  қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи  қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи  онҳоро  барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, ба хусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.  Вазъи имрўза  зарурати муборизаи ҷиддиро  ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Терорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гуруҳҳо ва амалҳои терористию ифротгаронаи онҳо хусусиятӣ байналхалқӣ доранд. Зарур аст, ки  тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол   бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастаҷамъона мубориза баранд.

Котиби суди ноҳияи Нуробод.

Исмоилов Наҷиуло Мустафоевич.