Терроризм ва экстремизм вожаҳои нав набуда, дар таърихи инсоният 100 солаҳо қабл арзи ҳастӣ намудааст ва дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб кардааст, ки асосан ба истифодаи зӯроварии гурӯҳҳо ва бо ташкили ҳизбҷои манфиатҷӯ муқобили давлат – ҳамчун субъекти сиёсӣ баромад намуда, аз дигар тараф хатари таҳдиду зӯровариро нисбати аҳолии осоишта ба амал мебарорад.
Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манонтиқи курраи замин, бахусус мамлакатҳои мусулмоннишин ба таври куллӣ тағийр ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешаванд ва ин гурӯҳҳои терористӣ барои анҷоми амалҳои ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бахусус дини мубини ислом алоқамандие надорад.
Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Амалҳои терроритӣ дар як қатор кишварҳои олам, аз ҷумла дар мамлакати мо рухдода низ шаҳодати онанд, ки тероризм ва экстремизми динӣ ҳамчун як василаи маргбори гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ҷаҳолатпараст барои барҳам додани осоиштагии мардум, раванди рушду тавсеа, тараққиёт ва ноором сохтани муносибатҳои ҷаъмиятӣ хизмат менамоянд.
Пайваста ба амал баровардани ин кирдорҳои фоҷиабор ва анҷом додани таркишҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, дохили нақлиёт ё тавассути он ва бинову иншоот далели доман густурдан ва фаъол гардонидани ташкилот ва гуруҳои террористӣ, ҳамзамон боло рафтани ҳиссиёти бадбинӣ, бераҳмӣ, разолат ва бо роҳи ҷо кардани тарсу ваҳм, пиёда сохтани ҳадафҳои худ арзёбӣ мегардад.
Дар ин замина метавон гуфт, ки имрӯз дасти терроризм ба оромтарин манотиқ ва кишварҳои пурқудрати ҷаҳон расида, барои мақомоти амнияти он мушкилиҳо эҷод намуда истодааст. Лату куштор ва аз дасти гурӯҳҳои ифротгаро ҳалок гардидани мардуми осоишта, бахсус, занону кӯдакон гувоҳи он аст, ки аъзои ташкилоти террористӣ ва равивияҳои тундрав ба касе раҳму шафқат надоранд ва онҳо қодиранд барои амалӣ сохтани ҳадафу мароми нопок ва душманони худ роҳу усулҳои ҷоҳилона ва сангинро алайҳи мардуми бегуноҳ истифода намоянд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01-июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайяан менамоянд.
ҳоло дар бораи мафҳуму моҳияти эктремизму тероризм бо мақсади дуруст дарк кардани он ибрози андеша намуда айни мудаост.
Экстремизм-ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба даъват нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад. Ифротгароӣ дар баромадан аз дадди таҳаммулпазирӣ, нодуруст шарҳдоданд, ба сари дигрон бор кардани масъалаҳо ва водор сохтан ба амалҳои хилофи қонун ифода меёбад.
Ифротгароии динӣ бошад, маҳз аз хато шарҳ додани масъалаҳои динӣ, вайрон кардани мафкураи одамон ва равона намудан ба содир кардани ин ё он амали ғайриқонуниро мефаҳмонад.
Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, шакли тафаккури ботинии инсон аст, аммо агар ин тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузорад, он ба радикализм, яъне тундравии динӣ табдил меёбад.
Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур бармада, ба сатҳи таблиғот талаботи қатъӣ аз дигарон ва амалҳои тунд мегузарад. Дар ин ҳолат шахси ифротгаро тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба мубориза муқобили фаҳмиш ба тарзи зиндагии дигарон даъват менамояд. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ маҳсуб меёбад.
Ифторгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зуроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин ру, ифротгароён барои аъзоёни дигари ҷомеа қобили қабул нестанд. Ифротгароёни динӣ мекушанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро бо худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа такмил намоянд. ҳамин тавр, ифротгароёни динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд. Аз ифротгароии динӣ то тероризм қадаме беш нест.
Агар шабеҳи як ифротгаро ё террористиро тасвир кардани шавем, пас надоштани саводи комили динӣ, таҳсилоти нодурусти исломӣ, бемаърифатии динӣ, зоҳирӣ, сахтгирона фаҳмидани меъёро ва мафҳумҳои динӣ, танҳо эътирофи фаҳмиши сатҳии худ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рангу шакли либос, дарозиву кӯтоҳии поёни либос, тарзи ҷумбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хӯрока, маҳдудсозии нақши занон ва муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси ӯ хоҳад буд.
Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо мақомоти расмӣ ва умуман нисбати низоми давлатӣ эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дошта дар муқобили онҳо қарор мегирад.
Ба фарҳанг, санъат, ҳунар, адабиёт, мусиқи, ахлоқ ва ба расму оинҳои мардум бадбинӣ ва нафрат пайдо карда, руҳияи зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ дорад.
Ба далели гуфтаҳои боло мо метавонем аз ҳалномаи суди як нафаре, ки ба гуруҳҳои ифротгаро шомил шуда буд, ёдрас намуда, дигаронро ҳушдор диҳем.
Шаҳрванд Н.Ф.Т. сокини минтақаи Рашт дар шабакаи интернети саҳифаи худро таъсис дода, тавассути он видеонаворҳо ва аксҳои хусусияти динидоштаро, ки дар муҳтавояшон вуҷуд доштани даъвои оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ дида мешавад, паҳн намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Н.Ф.Т. аз ҷониби РКДАМ XТ оид ба гуруҳи ноҳияҳои Рашт бо моддаи 307 иловаи 1 қисми 2 КX XТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дастгир шуда, пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ба охир расонида шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.
Бо ҳукми ноҳияи Нуробод шаҳрванд НФТ. бо моддаи 307 иловаи 1 қисми 2 КX XТ гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 солу шаш моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзур таъин карда шудааст.
Ҷиҳати огоҳ намудани шаҳрвандон аз мақсадҳои ниҳоии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ва содир намудани ҷиноятҳои терористӣ ва эктремистӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Ҷавононро зарур аст, ки ҳамзистию ҳамгироиро новобаста аз ҷойҳои маънавию фарҳангии худ пешаи рӯзгори хеш намуда, аз даст задан ба чунин амалҳои-терористию экстремисти худдорӣ намоянд ва ба худу ба дигарон мантиқан ва ақлона баҳо диҳанд. Тавонанд ба худ ва дигарон афроди ҷомеа аз нигоҳи интиқодӣ назар афкананд, арзишҳо ва камбудиҳои худро шиносанду ба шахсияти ҳар як фарди ҷомеа эҳтиром гузоранд.
Котиби суди ноҳияи Нуробод Мирзоев Талбихоҷа Маҳмадшоевич