Конститутсия – шиносномаи давлат

«Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст», — гуфтаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Маҳз Конститутсия, тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Тавассути Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани  Конститутсияи ягона яке аз аломатҳои давлати ягона ба шумор меравад. Чунки дар қаламрави давлат аз Конститутсия дида, ягон санади ҳуқуқии дигари баробарэътибор вуҷуд надорад.

Агар ба таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имрӯз 5 маротиба Конститутсия қабул шудааст.

16-уми ноябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсоз баргузор шуда, таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид.

Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, тибқи Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардида, ҳафт моҳ мавриди омӯзишу муҳокима қарор дошт ва санаи 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Ин ҳуҷҷати олии кишвар Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кар ва тарзи амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро тавассути таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муқаррар намуд.

Тибқи талаботи моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита  ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии  умумихалқӣ ва интихобот аст.

Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими давлативу ҷаъмиятӣ, аз ҷумла қабул ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, интихоботи Президент, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакили Маҷлиси маҳаллӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот сурат мегирад.

Яке аз фарқияти дигари Конститутсияи тозақабулшуда аз дигарҳояш он аст, ки гуногуншаклии моликият ва фаъолияти озоди иқтисодиро кафолат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро ҳимоя менамояд.

Муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти шахшуда надошта, онҳо доимо дар инкишоф мебошанд. Баробари инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ  меъёрҳои ҳуқуқие, ки ин муносибатҳоро ба танзим медароранд, бояд инкишоф ёбанд. Ба ин хотир, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз се маротиба: санаҳои 26 сентябри соли 1999; 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳаргуна ҳуқуқвайронкунӣ,  чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.

Воқеан, Конститутсия, шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз таъинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад.

 

Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат,

                                      раиси суди ноҳия