Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода бо сухани муқаддимавӣ кушода, ин санаи тақдирсози миллатро ба ҳозирин табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки санаи 6 ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми Тоҷикистон, яке аз санаҳои тақдирсоз мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 27 солагии онро ҷашн мегирем.
Раиси суди ноҳия – Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат дар мавзӯи «Ҳокимияти судии мустақил ва фаъолияти ҳуқуқ ҳифзнамоии он» ва намояндаи занонону бонувон Сайрам Бухориева дар мавзӯи “Конститутсия омили пешрафти комёбиҳо» баромад намуданд.