НАҚШИ БУЗУРГИ ШАХСИЯТ ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Пешвои миллати мо — ифтихори халқи мо,
Тоҷикистони азизамро намуда пурҷило.
Пешрафти ҳар мақомот аз ҳидоятҳоятон,
Обрӯйӣ ҳар ниҳодеро бувад саҳми Шумо.
Таҷрибаи бунёди давлати Тоҷикистон бармало шаҳодат медиҳад, ки нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол басо ҳам арзанда ва инчунин беназир арзёбӣ мегардад.
Зеро дар рафти баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буданд ва маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз масоили бунёдӣ ва муҳим матраҳ гардида, ҳамзамон вобаста ба онҳо тибқи хулосаҳои зарурӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Тавре ҳамагон аз гузаштаи халқамон хуб медонем, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи манфиатҷӯйии душманони дохилӣ ва аҷнабӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва ҳамзамон асосҳои сохти давлатдорӣ ба пуррагӣ фалаҷ гардида, хавфу хатари аз байн рафтани давлату миллат ба вуқуъ пайваст.
Маҳз матонат ва иродаи қавию дурандешии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки зимни баргузории ин Иҷлосияи тақдирсози миллат, мавсуф аз ҷумла чунин иброз намуда буданд: “Мақсади асосию ягонаи мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем!”…
Хулласи калом, маҳз ин изҳороти қатъии Сарвари давлат ниҳоятан боиси он гардид, ки низоми сиёсии мамлакат демократӣ эълон гардад ва ҷумҳурии мо ҳамчун давлати мутамаддин ва ҳамқадам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва эътироф шуда, ҳамзамон дар қалби мардуми шарифи кишварамон шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи дурахшон бедор гардад ва инчунин халқ ба ояндаи Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю обод ва пешрафта комилан боварӣ ҳосил намояд.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо як қатор мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид, ки бахти мардуми тоҷик ҷавонмарди далеру ғаюр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллату давлат аз аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан дар саргаҳи ин муборизаҳо қарор дошт ва ниҳоят ба шарофати талошу ҷоннисориҳо ва хости Парвардигор мову Шумо ниҳоятан ба чунин рӯзҳои нек мушарраф гардидем, ки аз ин падидаи нодири таърихӣ мудом шукргузор бояд бошем.
Агар ба саҳифаҳои таърихи гузаштаи миллати барӯмандамон назар афканем даҳаи навадуми асри гузашта фазои он замонро пеши назар ҷилвагар месозад ва талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои насли имрӯза бозгӯ менамояд.
Чунки барои ба ин рӯзи накӯ ва сарнавиштсоз расидан, махсусан барои ҳифзи Истиқлол миллати тоҷик рӯзҳои басо душвореро паси сар намуд. Ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан нест, ки то рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 ва ҳамзамон интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ аз хусуси Истиқлол ягон хел ҳам ному нишоне набуд. Мардуми кишвар низ дар он даврони душвори парокандагию бесарусомониҳо рӯҳияи Истиқлолро ҳам қариб буд, ки гӯиё эҳсос намекарданд…
Ба бахти миллати тоҷик маҳз таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату бофарҳанг ва бонангу номуси тоҷик муяссар гардид.
Иҷлосияи ғайринавбатии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 дар толори бошукуҳи Қасри Арбоби ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баргузор гардида, вакилони мардумӣ раиси онвақтаи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ҷавонмарди ҳамагӣ чиҳилсола ва чашмикордону ватандӯст муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифовичро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ – Роҳбари давлати кишварамон интихоб намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан аз ҷониби аксари вакилону иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии Шурои Олӣ, ки дар Қасри Арбоб доир гардида буд, бо боварии комил ва суханронии пурмуҳтавои ба худ хосу боиси таваҷҷуҳи аҳли ҳузори толор бо дили пур ва сари баланд чунин иброз намуда буданд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме, ки як нафар гурезаи иҷборӣ дур аз хоки Ватан бошад, ман худро ҳеҷ гоҳ ором намегузорам. Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!”
Хулоса, ин гуна суханҳои гӯшнавоз ва дилпуркунанда ба ояндаи неку дурахшон, боис бар он гардиданд, ки кишвар рӯ ба ободӣ оварда дар партави Истиқлол ва инчунин сулҳу Ваҳдати миллӣ зери роҳбарии хирадсолоронаи ин абармарди арсаи сиёсати бузургбасо ҳам ободу мубарро ва ҳамзамон гул-гул шукуфон гардад. Тавре шоир дар басо хуб гуфтааст: Ҷавониро сипар кардам диёрам то амон бошад!
Раиси Суди ноҳияи Нуробод Саидмухторзода Ш.
Суди ноҳияи Нуробод 

