- Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки ҳарчанд тўли асрҳо барои аз байн бурдани ин миллати кӯҳанбунёд, аз тарафи душманони аҷнабӣ муборизаҳои зиёде рӯйи кор омада бошанд ҳам, ному нишони миллати тоҷик аз байн нарафт. Номи ӯро фарзандони фарзонааш бо хираду фазилат ва мақоми ҷаҳонӣ доштанашон пос доштанду аз нав эҳё мегардониданд. Ва бояд таъқид дошт, ки дастоварди таърихии асри 20-и аввали солҳои 80-ум, ки миллати тоҷик аз нав соҳиби саодати бузург –истиқлолияти давлатӣ гашт, дар ин амал фарзандони хирадмандаш саҳми босазо гузоштаанд. Бешубҳа метавон гуфт, ки дар таърихи дирӯзае, ки офтоби бахт бори дигар ба рӯйи миллати тоҷик фурӯзон гашт, соҳиби дастоварди бузург-истиқлолияти давлатӣ гаштем, дар ин раванд нақши фарзанди абармарди миллат, ки дар лаҳзаҳои ҳассос барои халқи худ ҷон дар кафи даст ҷоннисорӣ намудааст, ин шахси бузург Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз бо ин шоҳкориҳояш дар қалби хурду бузург, пиру ҷавони кишвар роҳ ёфтааст. Тавре маълум аст, истиқлолияти давлатӣ дар зиндагӣ ва кору фаъолияти мардум дигаргуниҳои зиёдеро эҷод намуд. Яке аз дастовардҳои бунёдие, ки дар даврони Истиқлолият маҳз бо роҳбарии ин марди ватандӯст, сиёсатмадор ва хирадпеша ба даст овардем ин ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд, ки минбаъд мардум ба ояндаи неки кишвар умед баста, бодили гарм ба зиндагӣ шӯруъ намуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ва ҳамчун қонуни асосии мамлакат ҳуҷҷати тақдирсоз унвон гирифт. Минбаъд бо тамоми пешравиҳо заминаи боэътимод гузошт. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми давлатдории миллӣ таъмин карда шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муайян гардид.
Вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон бо заҳматҳои рӯзафзӯни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми воло доранд. Ба тариқи фишурда баршумурдани хислатҳои наҷибу шоиста ва иқдомҳои накуву созандаи ин чеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори миллат дар ойинаи чеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд. Зеро дар муддати кӯтоҳ хомӯш намудани шӯълаҳои инсонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти нафарони зиёдеро ба коми худ кашида, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд. Танҳо ин шахси бузург тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатноки кишвар сарҷамъ намояд, ки ин кори саҳлу сода набуд!
Дар ин роҳ Президент ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаҳои мудҳишу миллаткуш раҳонид, зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амали намудани шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳамвор кард.
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фарахбахш ва ифтихор гашт. Дар тӯли Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, нақбҳо, шаҳрҳои калони сераҳолӣ ва дигар мувафақиятҳо.
Дар арсаи ҷаҳонӣ зиёда аз 145 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил мешиносанд, эътироф ва пазироӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 кишвару давлати ҷаҳон муносибати дипломатӣ ва бо зиёда аз 100 кишвару давлат муносибати тиҷоратӣ дорад.
Дар ҳақиқат давоми 32 соли Истиқлолият Ҷумҳурии мо ба рушди назаррас ноил гардид.
Таҳкими сулњҳу суббот ва шукуфоии Ватани маҳбубамон барои ар яки мо, гавҳари ноёб буда, бо сарзамини аҷдодии хеш ифтихор бояд намуд, ки меҳвари асосии таҳкими сулҳу суббот ва рушди Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Ҳамаи ин якҷоя бо дигар тарафҳои рушди мамлакат аз ҷумла-соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, эътибор ба оилаҳои камбизоат, эътибор ба бачагони болаёқат бо шарофати сиёсати хирадмандона, дурандешона, ватандўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаистодааст, ки ба ин баҳои сазовор бояд дод.
Маҳз ба ҳамаи ин меҳнатҳои пурмашаққати Президентамонро арзёби намуда аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуда, тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Ин санаи муборак ба 16 ноябри соли 1994 ҳамчун рӯзи нахустин савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дошт.
Гироми доштани ин рӯз танҳо як ҷашн нест. Он агар яз як тараф арҷгузори ба хизмати беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ намоди иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофии идеяҳои созандаи сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани барномаҳост.
Ин чеҳраи мунавварфикр дар маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 октябри соли 2020 хоксорона, вале самимона иброз дошт, ки «Ман ба нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам. Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубониҳои ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз содиқона, бо виҷдони пок, дасту дили нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам» дар ҳар воҷаву ибора ин иқтибос як кори хайру амали солеҳ ва муҳимтар аз ин ҷузъи мардумбудану муҳаббати самимӣ варзидан бо миллатро дарёфтан мумкин аст.
Дар арсаи байналмилали Президенти кишварамон ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадам ба қадам заминаи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқиро баҳри расидан ба зиндагии шоистаи тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ки ҳадафи волотарини Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, муҳайё сохтаистодааст.
Мо бо Президенти худ ифтихор дорем.
Президенти мо ифтихори мо!
Судяи суди ноҳияи Нуробод: Камолзода Мадина Тоҳир.